Бахши кор бо духтарону занон аз ду воҳиди корӣ мудири бахш ва сармутахассис иборат аст.
Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда шудааст. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гардидаанд, инҳоянд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005, № 89); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999, № 5); Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29 майи соли 2010, № 269).
Санадҳои номбаршуда барои ҳаёту фаъолияти-бонувон сарнавиштсоз аст, зеро ба баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи онҳо дар ҷомеа ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге мебахшад.
Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ фаъолияти худро дар заминаи сиёсати давлатӣ оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва супоришҳои Раёсати Донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Дар донишгоҳ 998 нафар занону духтарон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 416-нафар омӯзгор ва 582 нафар корманд мебошанд. Ҳамзамон, нақши занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пураҳамият (бозиз/чашмрас) аст, чунончӣ 1 нафар муовини ректор, 1 нафар директори китобхона, 1 нафар декани факултет, 23 нафар мудири кафедра, 12 нафар мудири шуъба, 6 нафар сардорони раёсат аз ҷумлаи занони роҳбарикунандаи донишгоҳ мебошанд. Инчунин, дар донишгоҳ 22 нафар доктори илм, 178 нафар номзади илм фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявӣ доранд.
Дар соли таҳсили 2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 9512- нафар донишҷӯдухтарон таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 158- нафар бо квотаи президентӣ, 11 – нафар бо стипендияи президентӣ, 40 – нафар ятими кулл, 12 – нафар маъюб ва 501 – нафарашон дар хобгоҳҳои ДМТ зиндагӣ менамоянд.
Бахши кор бо духтарон ва занон як шохаи ҷамъиятии донишгоҳ мебошад. Дар факултетҳои донишгоҳ шӯроҳои бонувон фаъолият менамоянд, ки бахши кор бо духтарон ва занон бо онҳо робитаҳои зичи корӣ доранд.
Ҳамзамон бахши кор бо духтарон ва занон пайваста кори худро дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои таркибии донишгоҳ амалӣ менамояд.
НАҚШАИ КОРИ БАХШИ КОР БО ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023