Муовини ректор оид ба тарбия

Маҷидзода Давлатбахт Маҷид – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Маҷидзода Давлатбахт Маҷид, 16 июни соли 1981 дар ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон (ҳозираи Ш. Шоҳин) таваллуд шудааст. Соли 1998 ба факултети Иқтисод ва идори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 донишгоҳи номбурдаро бо дипломи аъло бо ихтисоси «Иқтисоди миллӣ» хатм намудааст.

Аз соли 2003 то соли 2019 ассистенти кафедраи иқтисоди миллӣ факултети иқтисод ва идораи ДМТ кору фаъолият намуда, аз соли 2017 то 2019 ҳамчун муовини декан шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисод ва идораи ДМТ фаъолият намудааст. Аз моҳи марти соли 2019 то моҳи марти 2025 дар вазифаи Мудири шуъбаи бахши кор бо духтарону занони ДМТ кор кардааст.

Аз 19 марти соли 2025 ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДМТ таъин гардидааст.

Рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Танзими консепсияи шуғли пурсамари аҳолии деҳот (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» соли 2017дифоъ намудааст.

Дотсент Маҷидзода Д.М. ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғул буда, муаллифи беш аз 70 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Мавсуф дар баробари ин, иштирокчии чандин чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – маориф ва ҷавонон мебошад.

Дорандаи Ифтихорномаи ДМТ, Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ,  Аълочии Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Ифтихорномаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Кумитаи иҷроияи ноҳияи Шоҳмансур, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ифтихорномаи Вазорати Мудофияи ҶТ ва медал “Барои ҳамкорӣ”–и ВКД ҶТ мебошад.