ШУЪБАИ ТАРБИЯ

ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз сохторҳои дохилии донишгоҳ буда, дар татбиқи фаъолияти донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи ҶТ, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ, Оинномаи донишгоҳ, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии ДМТ, Низомномаҳо, Дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ ва демократӣ, шарҳу тафсири дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои раёсати Донишгоҳ, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва баргузории соатҳои тарбиявӣ аз бахшҳои асосии фаъолияти он ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти тарбиявии Донишгоҳ, асосан, дар робита бо садорати факултетҳо, сарпарстони гурӯҳҳои академӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад ва баробари фаро гирифтани донишҷӯён ба таълим тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда дар маркази таваҷҷуҳи раёсат ва шуъбаи тарбияи донишгоҳ қарор дорад.

Дар Донишгоҳ пайваста гузаронидани чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо аҳли сиёсат, илм, адаб, шоирону нависандагон ба ҳукми анъана даромадааст, ки баҳри боло бурдани зеҳну тафаккур ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён нақши муҳим мебозад. Ҳадафи асосии шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳанатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Шуъба дорои чор воҳиди корӣ; мудири шуъба, як сармутахассис ва ду мутахассис мебошад. Дар 19 факултети донишгоҳ муовинони декан оид ба тарбия ва дигар бахшҳои тарбияи садорати факултетҳо шуъбаи тарбияро намояндагӣ мекунанд.

Шуъба дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ» дар ҳамокори бо дигар сохторҳои самти тарбияи Донишгоҳ ҳамасола чунин корҳоро анҷом медиҳад.

  1. Бо мақсади риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилӣ, таъмини раванди мӯътадили таълим ва тарбия пайваста дар байни муҳассилин корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад;
  2. Омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро бо муқаррароти Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши тарбия шинос менамояд.
  3. Иштирок кормандону омӯзгорон ва донишҷуёни донишгоҳро дар чорабиниҳои гуногунсатҳ таъмин менамояд.
  4. Дар доираи фаъолияти худ корҳои ободониро баҳри тозаву озода гардонидани ҳудуди мавзеъҳои ба донишгоҳ мустақаргардида, бо ҷалби омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ташкил менамояд.
  5. Омӯзгорону донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои театрикунонидашуда ҷалб менамояд.
  6. Бо мақсади пурзӯр намудани раванди корҳои тарбиявӣ силсилавохӯриҳо бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони меҳнат ташкил ва баргузор менамояд.
  7. Барои хабардор шудан аз вазъи зиндагонии донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта аз ҳисоби омӯзгорону кормандон навбатдорӣ ташкил мекунад.
  8. Раванди баргузории дарсҳои тарбиявиро дар байни гурӯҳҳои академӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз назорат менамояд.
  9. Донишҷӯёнро барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи факултетҳо, донишгоҳ, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҷалб ва сафарбар менамояд.
  10. Силсилаҷаласаҳои волидайни донишҷӯёнро ташкил ва баргузор намуда, дар рафти ин ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ, донишгоҳ ва факултетҳо баррасӣ менамояд.

Фаъолияти шуъбаи тарбияи ДМТ дар ҳамкорӣ бо чунин ниҳодҳо роҳандозӣ мегардад:

  • Шуъбаи кор бо ҷавонон
  • Бахши кор бо занон ва духтарон
  • Шурои кураторон
  • Осорхонаи ДМТ
  • Ансамбли халқии «Наврӯз»
  • Клуби варзишӣ
  • Ассотсиатсияи волидайн
  • Комисияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ДМТ
  • Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

СОЛИ ТАЪСИС ВА РОҲБАРИЯТ

То соли 2008 дар сохтори тарбияи донишгоҳ бахши тарбия фаъолият мекард. Аз соли 2008 ин ҷониб самти мазкур ҳамчун Шуъбаи тарбия фаъолият дорад. Роҳбарии шуъбаи тарбияро солҳои 2008-2013 Холов Хуршед Қодирқулович ба зимма доштанд. Аз соли 2013 то 2020 Гадоев Абубакр Ҳайдарович ба сифати мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ кору фаъолият намуданд. Аз моҳи май то августи соли 2020 зимоми роҳбарии шуъбаи тарбия ба уҳдаи Саидов Ҳикматулло Хуҷаназарович вогузор гардида буд.

Аз моҳи октябри соли 2020 то ҳоло масъулияти роҳбарии шуъбаи тарбияи донишгоҳ ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидов Ҳуснуддин Миршакарович вогузор гардидааст.

 МАҚСАДИ ТАЪСИС

Шуъбаи тарбия бо мақсади ташвиқу тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ сохтани Нақша-чорабиниҳои хусусияти тарбиявӣ дошта, баргузор намудани ҳамоишҳои тарбиявӣ, тарбияи ҷавонону донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, эҳтироми Ватан-Модар, таъмини иштироки омӯзгорону кормандон, ҷавонону донишҷӯён дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону донишҷӯён дар сохтори ҳар як муассисаи олии таълимӣ таъсис дода шудааст.

 РИСОЛАТИ ҲОЗИРА

Шуъбаи тарбия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи ҶТ, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ, Оинномаи ДМТ, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии ДМТ, Низомномаҳо, Дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Рисолати имрӯзаи шуъба дар роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳии хусусияти тарбиявӣ дошта дар байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ дар донишгоҳ ва берун аз он, саҳм доштан дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, баргузор намудани вохӯриҳои маърифатӣ-тарбиявӣ дар сатҳи факултетҳо, роҳандозии мунтазами дарсҳои тарбиявӣ дар байни гурӯҳҳои академӣ, ташкил ва баргузор намудани ҷаласаҳои бо падару модари донишҷӯён, андешидани тадбирҳо дар самти баланд бардоштани идеологияи омӯзгорону донишҷӯён, тарбияи ҷавонону донишҷӯёни масъулиятшинос, худшиносу худогоҳ, ватанпараст, соҳиби ифтихори миллӣ, арҷгузор ба Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо мақомоту муассисаҳои давлатӣ дар самти пиёда сохтани сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, роҳандозии чорабиниҳои тарбиявӣ дар сатҳи хобгоҳҳои донишгоҳ, таъмини иштироки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар роҳпаймоиҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, дастгирии пайвастаи ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд, ҳамкории самарабахш бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ташкил ва баргузор намудани вохӯриҳо бо олимону шоирон, вакилони мардумӣ ва дигар шахсони хизматнишондода, ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои илмӣ-адабӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ ифода меёбад.

ХИЗМАТ БА ҶОМЕА

Дар самти хизмат ба ҷомеа Шуъбаи тарбия корҳои зиёдро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, ташкил ва баргузор намудани корҳои ободонӣ (ниҳолшинонӣ) дар тамоми мавзеъҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ҳудуди боғҳои фарҳангии шаҳр, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии пойтахт оид ба ҳифзи саломатӣ, эҳтироми оромию ободӣ ва Ваҳдати милливу суботи сиёсӣ, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани идеологияи созандагии ҷавонону наврасон, ҳамкорӣ бо мақмоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамкорӣ бо мақомоту муассисаҳои давлатӣ дар самти ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногунвазъ, аёдами собиқадорону ниёзмандон, ятимону маъюбон.

САИДОВ Ҳуснуддин Миршакарович

мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Саидов Ҳуснуддин Миршакарович 18-уми августи соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2006 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2011 онро бо димполи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кории ӯ аз ҳамин Донишгоҳ оғоз шуда, солҳои 2011-2013 ҳамчун мудири кабинети таълимии кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2013 то соли 2018 дар вазифаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждении факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2018 ба ҳайси муаллими калони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият кардааст. Аз сентябри соли 2017 то апрели соли 2018 – раиси Шурои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ, аз апрели соли 2018 то октябри соли 2020 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2020 инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Моҳи октябри соли 2020 бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаи мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Масъалаҳои вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон ба оби нӯшокӣ, гардиши объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, танзими шартномавии таъмини оби нӯшокӣ ва такмили механизми танзими ҳуқуқи гражданӣ аз мавзӯъҳои таҳқиқоти илмии ӯ мебошанд. Соли 2018 дар Шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 (ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ) дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба оби нӯшокӣ дар танзими ҳуқуқи гражданӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Дар кори конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намудааст. Аз он ҷумла, соли 2016 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аҳдҳои беэътибор дар ҳуқуқи гражданӣ» бахшида ба 75-солагии Рольф Книпер иштирок ва суханронӣ намудааст.

Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи римӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи оилавӣ ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 50 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Барои саҳми шоиста дар тарбияи мутахассисони ҷавон номбурда якчанд маротиба бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали 90-солагии адлияи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Ӯ аз соли 2015 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст. Беш аз 10 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.