ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ

Санаи 03.12.2020 дар хобгоҳи №6-и ДМТ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ вохӯрии мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д., раиси Шӯрои кураторон И. Ашуров, сармутахассиси бахши мазкур М. Турсунова ва муовинони декан оид ба тарбия бо донишҷӯён доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони донишгоҳ доир ба назорати доимии омаду рафти донишҷӯён, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ дар ҳуҷраҳо ва тозагии гирду атрофи хобгоҳ суханронӣ намуданд. «Риояи гигиенаи шахсӣ барои ҳар як инсон зарур аст, ки иҷрои онҳо баҳри солимии инсон муҳим мебошад. Аз ин хотир ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки гигиенаи шахсиро дуруст истифода намояд. Мутахассисон муайян намудаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории коронавирус ин риояи қатъии гигиенаи шахсӣ дар хона ва гирду атроф мебошад»- афзуд Исматуллои Сунатулло.

Мавсуф дар идомаи вохӯрӣ доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ намуда, кайд кард, ки мақсад аз чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ва худдорӣ намудан аз ташкили ҳама гуна чорабиниҳо оммавӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар хобгоҳҳои донишгоҳ мунтазам аз ҷониби масъулон ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳҳо навбатдор таъйин шудаанд, гузаронида мешавад.