ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

829

Санаи 12-уми январи соли равон дар толори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2020 натиҷагирӣ шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба як қатор кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла ба ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти хуб нишон додан дар соли 2020 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.