ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИН

1593

МУЛССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ» – И ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2020» – ро ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

НОМГӮИ ҲУҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

1) Ариза барои иштирок дар озмун;

2) Варақаи шахсӣ ва нусхаи шиноснома;

3) Рӯйхати ихтирооти бо патент ё нахустпатент ҳифзшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё патенти Авруосиёгӣ бо ишораи Тоҷикистон, ариза(ҳо) барои додани патента Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори мусбии санҷиши моҳиятиро гирифтаанд;

4) Ҳуҷҷатҳои иловагӣ: – санади татбиқи ихтироъ;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи самараи иктисодӣ (бо нишондоди маблағи фоида) ва ё иҷтимоӣ аз ҳар як ихтирои татбиқшуда.

– Ҳуҷҷатҳо ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун бояд ду нусха пешниҳод карда шаванд. Ғолибонро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд!

Натиҷаҳои озмун дар ҷаласаи тантанавие, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 гузаронида мешавад, эълон карда мешаванд. Аризаҳо барои иштирок намудан дар ОЗМУН то 22 марти соли 2021 бо нишонии: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14-а қабул карда мешаванд.

Телефонҳо барои гамос: 222-21-53; 93-111-20-40; 985-88-88-55. Email: sorbon.info@gmail.com; imnazarorf@gmail.com.

Маълумоти муфассал дар сомонаи Муассиса: www.ncpi.tj