Таҷлили Рӯзи матбуот дар ДМТ
Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз (10.03.2021) бахшида ба Рӯзи матбуот дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО ва устодони факултети журналистика иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи матбуот – 11-уми март самимона табрику таҳният гуфта, ба эшон тандурустиву рӯзгори обод таманно намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки матбуоти тоҷик нақши муҳим ва муассирро дар рушду нумӯи кишвари азизамон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мебозад.
«Бо боварии комил метавон гуфт, ки шумо намояндагони ВАО имрӯз рисолати хешро дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷомеаи мо ва ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллии Тоҷикистон поквиҷдона ва бо масъулият иҷро карда истодаед»-афзуд Хушвахтзода Қ.Х..
Сипас намояндагони сохторҳои зикршуда сухани табрикотӣ намуда, нақши ВАО-ро дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Баъдан, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуот М.Муродӣ дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва раиси Шӯрои ВАО, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Б.Ҳамдамов оид ба мавзӯи «Нақши меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар рушди журналистикаи муосир» маърӯза намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ тибқи пешниҳоди ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонон ва ҳайати рӯзноманигорон аз Осорхонаи Пешвои миллат, Маркази инноватсионӣ ва китобхонаи замонавии донишгоҳ, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир шудааст, боздид намуданд. Зимни боздид масъулин ба намояндагони ВАО маълумоти муфассал дар робита ба сохторҳои болозикр доданд.
Эҳсос гардид, ки иқдоми роҳбарияти донишгоҳ дар самти таъсиси Осорхонаи Пешвои миллат ва навовариҳои илмию таълимӣ аз ҷониби рӯзноманигорон хуб пазируфта шуда, ҳамчун рӯзи хотирмон дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот дониста шуд.