ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН

980

Муассисаи давлатии «Маркази милли патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 ноябри соли 2019, №171131(22.7) бо мақсади дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон – муҳаррики инноватсия» эълон менамояд.

Иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, қайд менамояд, ки лоиҳаҳои ҷойҳои намоёнро ишғолнамуда дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ: www.innovation.tj ва дигар сомонаҳои дахлдор ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.

Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд.

Дар озмун кормандони ҷавон ва таълимгирандагони муассисаи таълимӣ метавонанд иштирок кунанд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-синну соли иштирокчӣ то 30 сола;

– нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома;

– тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;

– маълумот оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар маводҳо дар шакли матн).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 30 июни соли 2021 муқаррар карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 2222153, 985888855, 939154574

Почтаи электронӣ: ozmun@ncpi.ti

Суроға: 734042, ш.Душанбе, к.Айнӣ 14а, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.