ТАҲСИЛ ДАР ХИТОЙ

1204

Ба таваҷҷуҳи муҳасилини ДМТ мерасонем, ки Агенти оид ба энергияи атомии Хитой барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисосҳои муҳандис ва менеҷменти илмҳои ядроӣ ва технология ҷудо намудааст.

Барномаи мазкур довталабонро ба таҳсили ройгон ва идрорпулии моҳона таъмин менамояд.

Қабули довталабон дар торномаҳои https://studyinchina.csc.edu.cn/ ва http://issp.hrbeu.edu.cn/ то санаи 30 апрели соли 2021 идома меёбад.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ: хиёбони Рӯдакӣ 17, Бинои асосӣ, ошёнаи 3 муроҷиат намоед.