Санаи 3-юми май дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина (шаҳри Харков) барои омӯзгорони факултети фарматсевтии донишгоҳ курси такмили ихтисос тариқи маҷозӣ (онлайн) гузаронида шуд.
Дар он декани факултети фарматсевтӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мусозода С.М. ва устодони факултети мазкур иштирок намуданд. Дар курси такмили ихтисос мудири кафедраи молшиносии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина, доктори илмњои фарматсевтӣ, профессор Баранова И.И. ва дотсенти кафедраи мазкур Беспалая Ю. А дар робита ба паҳлуҳои гуногуни саҳаи фарматсевтӣ суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо масъалаҳои мубрами илми фарматсевтӣ, аз ҷумла илму истеҳсолот, таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, такмили ихтисоси дорусоз ва истифодаи таҷрибаи якдигар баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки чунин ибтикорот барои такмил додани маҳорати зеҳнӣ ва рушди илму таълим, инчунин, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷом љониби украина иштироки устодони факултети фарматсевтии ДМТ-ро дар конференсияи байналмилалӣ, ки бахшида ба 100 солагии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина доир мегардад, муҳим арзёбӣ карданд.