БУНЁДГУЗОР ВА РАҲНАМОИ СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

628

БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳими таърихи 30 солагии дарёфти истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.

Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 1992 ба САҲА, 2 марти соли 1992 ба СММ, апрели соли 1992 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 1 декабри соли 1992 ба Созмони Конфронси Исломӣ, 18 январи соли 1993 ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, 6 апрели соли 1993 ба ЮНЕСКО ва ғайра шомил гардид. Аммо, раванди бунёдкорӣ, давлатсозӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат мекашид. Хиради азалии халқи тоҷик, арҷгузории манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ иқдомҳои оқилонаи Сарвари навинтихоби давлати тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи фаноёбии давлати миллиро гирифт.

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии худ, Сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркӯши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмиллалиро ҷиҳати фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар баҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод.

 Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аз тарафи Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид.

Дар баёния Роҳбари давлат муҳимтарин ва умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи зайл тарҳрезӣ намуд:

• Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;

 • Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаоварӣ тарафайн ҳамкорӣ кунанд.

• Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ.

• Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

• Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Амрикову Аврупо.

• Ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Дар ин нуқтаҳо усул ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври куллӣ баён гардиданд. Инкишофи баъдинаи он дар асарҳо, мақолаҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ инъикос меёфтанд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат пойгоҳи мустаҳками амалисозии сиёсати хориҷии кишвар ба вуҷуд оварда шуд. Ҳамчунин, бо ҳидояти Сарвари давлат якчанд санадҳои муҳими назариявӣ, ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар таҳия ва эҷод гардиданд. Муҳимтарин санади сарнавиштсози ин давр Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар моддаи 11 он сиёсати хориҷии кишвар ба тариқи зайл муайян гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиклолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».

Роҳбари давлат ҳангоми таҳияи Конститутсия ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуда буданд, ки мазмуну мундариҷаи ин санади муҳим бояд пурра ҷавобгӯи меъёрҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бошад. Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ менамуд. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» аз ҷумлаи онҳост, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат дар ин давра таҳия ва эҷод гардиданд. Мутобиқи нишондод ва ҳидояти Сарвари давлат Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2002 ва Қонун «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» 2 декабри 2002 ба тасвиб расид. Дар Консепсия моҳият, мундариҷа, дурнамоии сиёсати хориҷӣ ва самтҳои авлавиятҳои он инъикос меёфтанд. Дар он ҳифзи манфиатҳои миллӣ, самтҳои афзалиятҳо, минтақаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик ва дуру наздик ва дигар масъалаҳои муҳими роҳандозии сиёсати байналмилалии кишвар муайян гардида буд. Мутобиқ ба ин Консепсия бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ Президенти мамлакат, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуруъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон намуд, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст.

Сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тули солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди мутавозини робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Стратегияи «дарҳои боз» имкон дод, ки кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ ба кишвари мо ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ҷалб карда шуда, як қатор лоиҳаи муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ, инфросохторӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидатро фароҳам сохтанд. Бо назардошти таъғиротҳои назарраси замони муосир ва ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ зарурат барои таҳия ва такмили Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ ба миён омад. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати хориҷӣ дар таҳрири нав 27 январи соли 2015 қабул гардид. Мутобиқ ба ин Консепсия сиёсати «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар даврони истиқлолият натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Чунин сиёсати созанда ва муваффақ дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Робитаҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо Русия дар натиҷаи талошҳои фаъолонаи ҳарду ҷониб ба шарикии стратегии дорои хислатҳои мутавозин ва фарогири манфиатҳои дарозмуддати миллии ҳарду кишвар табдил ёфтанд. Самараи муҳимтарини шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои рушдёбандаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳарбӣ байни ду кишвар мебошад, ки дар заминаи беш аз 230 созишнома ва қарордодҳои имзошуда сурат мегиранд.

Дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаҳо бо Ҷумҳурии Халқии Чин аҳамияти басо муҳим дорад. Ба дипломатияи муосири тоҷик муяссар гардид, ки дар даврони истиқлолият бо Ҷумҳурии Халқии Хитой сатҳи баланди эътимодро миёни ду кишвари ҳамсарҳад ба вуҷуд оваранд ва заминаи густурдаеро барои ривоҷи ҳамкориҳои судманди тарафайн фароҳам созад. Ҳамкориҳо бо Чин яке аз омилҳои рушди иқтисодии кишвар ва тақвияти суботу амният дар минтақа ба ҳисоб меравад. Робитаҳо миёни ду кишвари ҳамсоя хамчунин дар чаҳорчубаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ба асоси беш аз 200 созишномаҳо босуръат ҷараён мегирад. Робита бо кишвари ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон ҳамеша дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хосро ишғол менамояд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои 90 дар аксар суханрониҳояшон диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба воқеоти фоҷиабори Афғонистон, хатари ҳаракати толибон барои халқҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб менамуд. Ҳанӯз дар нахустин суханронии хеш дар Иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии СММ 30-сентябри соли 1993 Президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳушдор дода, изҳор намуданд, ки «Афғонистони ноорому номуътадил на фақат ба Тоҷикистон хавф дорад». Вазъияти истиробомези Афғонистонро таҳлил намуда, Сарвари давлати мо дар суханронии дуюми худ дар иҷлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ чунин баён намуданд: «Вазъияти ин мамлакат, ки ҷанги дохилӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ғолиб омадааст, ҷомеаи ҷаҳонро бепарво гузошта наметавонад. Муноқишаи Афғонистон хавфи ба миён омадани воҳидҳои ҷузъии ҷуғрофиро пеш меорад, ки дар оянда заминаи терроризми байналхалқӣ ва худсарона паҳн гардидани аслиҳаю маводи нашъаоваршуда метавонад. Мо ҷомеаи ҷахонро даъват менамоем, ки проблемаи Афғонистонро ҷиддан мавриди муҳокима қарор диҳад». Яъне тавлиди ҳудуди ҷуғрофӣ ва сиёсии террористӣ, ки имрӯз дар шакли ба ном «Давлати исломӣ» падид омадааст, Президенти Тоҷикистон 27 сол муқаддам зуҳури онро пешгӯи карда буданд. Дар суханрониҳои баъдинаи худ Сарвари давлати мо ин мавзуъро идома дода, таъкид менамуданд, ки қазияи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва тарафҳои даргирро ба муколама даъват намуда дар атрофи Афғонистон бунёди «камари амният»-ро зарур мешумориданд. Аммо, то воқеоти фоҷиабори 11 сентябри 2001 дар Ню–Йорк ба пешниҳодҳои Пешвои миллатамон кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекарданд. Пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба марказҳои тиҷоратии ИМА ва ҳалокати беш аз 3,5 аҳолии шаҳри Ню-Йорк сарони кишварҳои дунё ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба изтироб афтода, ба ҳушдорҳои қаблии Президенти Тоҷикистон баҳои сазовор доданд. Ҳоло, Тоҷикистон мекӯшад, ки бо имконоти мавҷуда, робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ба роҳ монда шаванд ва дар бозсозии иқтисодии Афғонистон саҳм гирад. Бунёди роҳҳо ва пулҳо миёни ду кишвар шаҳодат ба ин андеша аст, ки Тоҷикистон ҳавасманди густариши равобит бо Афғонистони ҳамсоя буда, хоҳони ҳарчи зудтар ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар аст.

Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон, ки узви фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад дар доираи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гурӯҳи «Тамос бо Афғонистон» таъсис ёфт, ки ҳадафи он мусоидат намудан ба раванди сулҳоварӣ дар ин кишвар аст. Рушди робитаҳо бо кишварҳои Шарқ-Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Япония, бо ҷаҳони ислом бо кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои пешрафтаи Ғарб самти муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҳия ва татбиқи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби нушокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 соли оби тоза ва таҳияи барномаи дарозмуддати Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз тарафи СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳимми сатҳи байналмилалро дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд. Дар доираи ин ташаббус 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмиллалӣ сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар он беш аз 900 нафар намояндагони воломақом ва коршиносони сиёсӣ аз 70-кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ ширкат варзиданд. Соли 2015 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навро дар бораи эълон намудани барномаи «Даҳсолаи об ба хотири рушду устувор» барои солҳои 2018-2028 пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо руҳбаландӣ истиқбол гардид. Истифодаи оқилонаи об ва захираҳои энергетикӣ аз мавзӯъҳое, аст ки Тоҷикистон онро пайваста дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалагузорӣ менамояд ва ташаббускорӣ таъсис додани консорсиуми байналмилалии об буда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки оби кули Сарез тавассути бунёди лулаҳои пуриқтидори обгузаронӣ ба кишварҳои эҳтиёҷманд интиқол дода шавад. Дар ин росто Тоҷикистон соли 2013 – ро соли «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуда, кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим даъват намуд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибор ва мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳон хеле боло бурд ва аз тарафи сиёсатмадорони аршади ҷаҳонӣ баҳои арзанда гирифт. 20-уми сентябри соли 2010 дар ҷаласаи сатҳи олии Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои ҳадафҳои рушди ҳазорсола, муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан ба ташаббусҳои Сарвари давлати мо баҳои баланд дода, чунин гуфт: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад». Ин баҳои як мақоми баландпояи сатҳи ҷаҳонист, ки Президенти Тоҷикистон ба он сазовор гардидаанд ва боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист. Ба туфайли сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 176 давлати дунё расман эътироф гардида, бо 140 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шудаанд. Ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари дунё тиҷорат ва табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмони бонуфузи тиҷоратии ҷаҳонии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё беш аз 1200 санад ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, маориф, фарҳанг ва ғ. ба имзо расонидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бунёдгузорони созмони бонуфузи ҷаҳони Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои анқариб 50 созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст. Намояндагиҳои ҷумҳурии мо дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ҳузури худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ин давра санадҳои муҳимтарини байналмилалӣ, аз ҷумла Ойинномаи СММ (соли 1945) Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ мешуморад.

Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё роҳбарон ва сарварони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Япония, Австрия, Полша, Венгрия, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гуттериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад. Заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист. Қадр кардани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чандин ордену ифтихорномаҳои давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо ордени «Дӯстӣ»- Қазоқистон, Ордени Қаҳрамони миллии Афғонистон – «Аҳмадшоҳи Масъуд», ордени «Княз Ярослав Мудрый»-и Россия, ордени «Гайдар Алиев»-и Озарбойҷон, ба мукофотҳои олии Туркманистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Созмони Миллали Муттаҳид ва сазовор гардонидани ӯ ба унвонҳои баланди илмии доктор ва профессорҳои ифтихории Донишгоҳи давлатии Москва, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, Донишгоҳи Синзяни Хитой, Донишгоҳи иқтисод ва идораи Туркманистон, Донишгоҳи милии Украина ва ғ. шоҳиди обрӯ ва эътибори баланди Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон аст. Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари мо пойдор ва файзу баракат, ободиву осоиш аз ин ҳам бештар насиби ҳар хонадони тоҷик гардад.

Хушвахтзода Қ.Х.,

Мирзоев Н.М.,

профессорон