Сардори Раёсати таълим – номзади илмҳои ҳуқуқ , дотсент Шарипов Исмоил
Муҳимтарин сохтори донишгоҳ ин қисми таълимӣ мебошад, ки роҳбарии онро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим амалӣ менамояд. Дар тӯли солҳои фаъолияти роҳбарияти қисми таълимии донишгоҳро омӯзгорони ботаҷриба роҳбарӣ мекарданд, ки барои баланд бардоштани сифат ва самарабахши раванди таълим дар донишгоҳ саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳоло дар бахши таълими донишгоҳ сохторҳои зерин фаъолият дорад:
- Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии назди ДМТ;
- Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон;
- Бахши идоракунии сифати таҳсилот;
- Шуъбаи дуюм; Ø Литсейи табиию риёзӣ
- Курси тайёрӣ;
- Маркази тестӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
- Шуъбаи бақайдгирӣ ва омор;
- Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ;
- Бахши назорати воситаҳои системавӣ ва ташхиси техникӣ;
- Бахши таҳияи барномаҳои компютерӣ;
- Бахши назорати шабакаҳои компютерӣ;
- Бахши назорати синфхонаҳои компютерӣ;
- Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ
- Фалсафа ü Педагогика
- Назарияи иқтисодӣ
- Тарбияи ҷисмонӣ
- Забони англисӣ
- Забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ
- Тайёрии ҳарбӣ
Фаъолияти Раёсати таълим ба Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ сохта шудааст ва дар самти банақшагирӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, мониторинг ва назорати сифати таълим асноди заруриро роҳандозӣ менамояд.
Самтҳои афзалиятноки идоракунии таълим инҳоянд:
- санҷиши кор ва иштирок дар дарсҳо;
- гурӯҳбандии ихтисосҳо дар кафедраи фанҳои таълимӣ;
- таҳияи модели таълимӣ ва барномаҳои корӣ;
- ҷадвали таълим;
- ҳисобот дар бораи натиҷаҳои сессияҳои имтиҳон;
- таҳлили давомоти донишҷӯён;
- таҳияи тавсияҳо оид ба усулҳои навтарини таълим;
- банақшагирӣ ва мониторинги иҷрои сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва деканҳо дар ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, омӯзгорӣ ва донишҷӯӣ
Илова бар ин, дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшҳои махсус, аз қабили таҳқиқоти фарҳангӣ, фалсафа, равандҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеашиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, таърих ва бойгонӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, бонкдорӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърихи забон ва типология, инсон ва ҳуқуқи муқоисавӣ, журналистикаи байналмилалӣ, пахши телевизион ва радио, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, забонҳои хориҷӣ (факултети ҳуқуқшиносӣ), забонҳои хориҷӣ (факултети журналистика), адабиёти рус, забони муосири русӣ ва типологияи муқоисавӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус, менеҷменти молиявӣ ва информатика, технологияҳои иттилоотӣ, компютерҳо, системаҳо ва шабакаҳо, забонҳои хориҷӣ (факултети забонҳои Аврупо ва Осиё), масъалаҳои иҷтимоӣ, менеҷмент мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, идоракунии тиббӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ, забонҳои хориҷӣ (факултети муносибатҳои байналмилалӣ) таъсис дода шуд.