ДОНИШКАДА МЕВАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

698

ГУЗОРИШ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ.

Имрӯз (23.06.2021) бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.

Конференсияи мазкур ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 10 –умин солгарди таъсисёбии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бахшида шуда буд.

Дар ифтитоҳи конференсия ректорони чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, олимону муҳаққиқони варзида ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии кишвар иштирок намуданд.

Қабл аз баргузории конференсия меҳмонон бо роҳбаладии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва дигар шахсони масъул аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони донишгоҳ, ки дар саҳни даромадгоҳи донишгоҳ намоиш дода шуд, боздид намуданд.

Сипас дар толори калони донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла илму маориф заминаи мусоидро фароҳам овард. Дар тӯли 30 – соли соҳибистиқлолӣ мо бо дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштааст, гувоҳи гуфтаҳои болост. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълимӣ яке аз вазифаҳои асосии донишкада ба ҳисоб меравад.

Қайд менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш – 1-уми сентябри соли 2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон байён доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи Маркази такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ таъсис дода шавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №124 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ таъсис дода шуд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, академик Имомзода М.С. зимни суханронии хеш дар робита ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, саҳми Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни конференсия чанде аз кормандони донишкада бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тавр, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Т.Шарифов “Хусусиятҳои тадриси сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба терроризм дар курсҳои такмили ихтисос” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Табарзода О.С. “Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур дар ду бахш: бахши илмҳои гуманитарӣ ва бахши илмҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва технологияи иттилоотӣ идома дошта, тибқи барномаи таҳияшуда аз ҷониби устодону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 34 маърӯза мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки маводи ҳамоиши мазкур ҳамчун маҷмуи мақолаҳо нашр гардида, барои доираи васеи муҳаққиқон тавсеа дода мешавад.