ТАВАҶҶУҲ: КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

852

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ», ки санаи 11 сентябри соли 2021 дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология баргузор мегардад, даъват менамояд.

МАВЗӮҲОИ МЕҲВАРИИ КОНФЕРЕНСИЯ:

• Аслҳои ҳуввияти миллӣ дар осори Сотим Улуғзода;

• Сотим Улуғзода ва таҳаввули насри муосири тоҷик;

• Таносуби воқеияти таърихӣ ва ҳақиқати бадеӣ дар осори Сотим Улуғзода;

• Сотим Улуғзода ва сиёсати замон;

• Чеҳраҳои адабу фарҳанг дар осори Сотим Улуғзода;

• Сотим Улуғзода ва Садриддин Айнӣ;

• Фаъолияти адабиётшиносӣ ва наққодии Сотим Улуғзода;

• Сотим Улуғзода ва фолклор;

• Фаъолияти тарҷумонии Сотим Улуғзода;

• Забони осори Сотим Улуғзода;

• Драматургияи Сотим Улуғзода;

• Мавзӯи ҷанг дар осори Сотим Улуғзода;

• Публитсистикаи Сотим Улуғзода.

ИШОРОТ ВА ТАНБЕҲОТ: 

-Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ; 

-Риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ, аз ҷумла аннотатсия, калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф (ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ҳатмист; 

-Мақола бояд ҷое нашр ва ироа нашуда бошад;

-Ҳаҷми мақола набояд аз 10-11 сафҳа (формати А-4) зиёд бошад; 

-Мақола бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад; 

-Гузиниш ва таъйиди мақолаҳо бар уҳдаи масъулони илмии конференсия аст; 

-Ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ворид мегарданд; 

-Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: ilhom-b.89@mail.ru; nqaror@mail.ru 

-Охирин муҳлати қабули мавод 20-уми августи соли 2021;

 Маводи конференсия ба табъ мерасад.

Телефонҳо барои тамос: (+992) 907-65-38-38; 98-100-10-60; 555-05-15-50; 93-508-51-29