Мудир – Қурбонзода Дилшод Ҷабор
Email:
Тел:
Суроға: кӯчаи Хусрав Дехлавӣ, Душанбе
Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз сохторҳои муҳимми таълимии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори собиқ Шӯрои вазирони ИҶШС № 177- 58 аз 15 марти соли 1965 бо фармони Вазири мудофиаи ИҶШС № 024 аз 04.08. 1965 ташкил шудааст.
Пойгоҳи кафедраи ҳарбӣ ботамоми лавозимоти таълимӣ таъмин буда, аз 15 синфхонаи таълимӣ, майдончаи сафороӣ, парки техникӣ ва як лаборатория иборат мебошад.
Лавҳаҳо дар синфхонаҳо бо забони давлатӣ ва инчунин дар ду синфхона тарҳи маҳал (макет) ва дар чор синфхонаи дигар бо тахтаи элетронӣ таҷҳизонида шудааст.
Ба кафедраи ҳарбӣ дар воҳидҳои кории ғайринизомӣ се нафар афсароне, ки ба эҳтиёт рухсат шудаанд ва рутбаи ҳарбии афсарии калонро доранд ҳамчун омӯзгор кабул шуда фаъолият менамоянд.
Дар кафедраи ҳарбӣ афсарони эҳтиёт аз рӯи чор ихтисос тайёр карда мешаванд:
1. «Командири взводи савораи тирандоз дар мошинҳои зиреҳпӯш (БТР)», ИБҲ 021002;
2. «Командири взводи радиоалоқа»: ИБҲ – 121203;
3. «Командири взводи муҳофизати кимиёвӣ»: ИБҲ – 111000;
4. «Тарҷумони ҳарбӣ»: ИБҲ – 390400
Имрӯз дар кафедраи ҳарбӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Баъди хатми донишгоҳ ҷавонон метавонанд ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ рафта, ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.