ЭЪЛОН: Озмуни мақолаи беҳтарин миёни донишҷўён-ҷавонон

965

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён озмуни мақолаи беҳтаринро таҳти унвони «Муҳимтарин дастовардҳои соҳа дар замони Истиқлолият» эълон мекунад.

Шартҳои озмун:

-озмун танҳо миёни донишҷӯён пешбинӣ шудааст;

 -мақола бояд кӯтоҳ (дар доираи аломатҳо, факту рақамҳо ва то як саҳифаи компютерӣ (то 200 калима)) бошад;

-дар мақола вобаста ба яке аз дастовардҳои соҳа (илм, маориф, ҷавонон, варзиш, иқтисод, иҷтимоиёт…) далелҳо оварда шавад;

-ба мақолаҳое бартарият дода мешавад, ки вақте дар саҳифаи «Фейсбук» гузошта мешаванд (аз 10 то15.09.2021), бештар ишораи писанд – «лайк» (Like) ва ё «поделиться» гиранд.

Ғолибон рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ муайян гардида, ба туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Мақолаҳо ба почтаи электронии badonish@mail.ru ва ё ба роқамҳои 988-54-28-00 тариқи «WhatsApp », «Viber» ва «Imo» бо ишораи «Ба озмун: рақами телефон, (ному насаб ва номи муассиса)…» то санаи 10.09.2021 қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: Мақолаҳое, ки аз меъёр зиёданд ва ё дар шакли умумӣ (ҳама дастовардҳои соҳаҳо якҷо) навишта шудаанд, қабул карда намешаванд.