Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ин қишри муҳимми ҷомеаро мебояд, ки аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, қариб 70 фоизи онро ҷавонон ташкил мекунад. Ҳамин буд, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ба татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳимми ҷомеа ҳамчун неруи созанда ва бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур давра ба давра панҷ маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», се маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», ду маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Ҳамчунин, дар баробари ин «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки ин ҳама зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард. Пас аз қабули чунин санадҳо конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар ҳар яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши бисёр муҳим гузоштанд.
Асри ХХ1 асри илму техника ба ҳисоб меравад. Танҳо он давлате, дар ин ҷабҳа муваффақ аст, ки захираи бойи кадрӣ ва мутаххассиони сатҳи воло дорад. Яке аз қишрҳои асосии ҷомеа, ки бештар аз ҳисоби онҳо кадрҳои соҳаҳои мухталиф ба воя мерасанд, ҷавонон мебошанд. Ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд. Тибқи оморҳои расмӣ дар муддати 30 соли истиқлоли давлатӣ 4200 нафар наврасону ҷавонон аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар гардида, то ҳол саҳми муносиби худро дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа гузошта истодаанд.
Ҳамчунин, шумораи гирандагони квотаҳои Президентӣ аз 200 ба 1600 ва шумораи гирандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ аз 6 ба 12 нафар расонида шуд. Дар ин радиф ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши насли наврасу ҷавони кишвар барои ҷавонони болаёқат стипендияҳои байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд.
Имрӯз зиёда аз 13 ҳазор нафар ҷавонон дар доираи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти кишвар «Дурахшандагон» таҳсил намуда, беш аз 30 нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз соли 2005 то ба ҳол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон барои ҷавонони болаёқат, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд, «Квотаи Президентӣ» амал менамояд. Имрӯз дар муассисаҳои олии касбии кишвар зиёда аз 5 ҳазор писарону духтарон тибқи квота таҳсил намуда истодаанд.
Дигар дастоварди нодири даврони истиқлол, ки ба ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ иқтисодиву маънавии ҷавонони мамлакат такони бисёр ҷиддӣ бахшид, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҳайати Шӯро роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ворид карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз таъсиси Шӯро таҳлили вазъият дар байни ҷавонон, пешниҳодҳо дар самти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, бартараф намудани мушкилоти ҷавонон дар кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба ин қишри ояндасози ҷомеа мебошад.
Дар доираи нақша-чорабиниҳо моҳи майи соли 2016 нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дахлдор ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, дастгирии соҳаҳои варзиш ва тарбияи тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Имрӯз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Дар баробари ин гуна дастгириҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат, имрӯз ҷавононро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда қадр намоянд. Мо ҷавононро мебояд, ки амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз тамоми хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони пуртаззод эмин нигоҳ дорем.
Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир амаҳмияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қиммат донад ва дар умум худшиносу худогоҳ бошад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати муосиру рушдёфта нақши ҷавононро хеле муҳим медонад. Дар ин баробар ҷавононро мебояд, ки сабақҳои истиқлоли давлатиро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир пурра огоҳ бошанд, таърихи гузашта ва муосири халқи хешро хуб аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлол ва рамзҳои давлатӣ, ҳамчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намуда, ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, бардаму солим ба камол расанд.
Ҷамолиддин Шарипов, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик