ОЗМУНИ ДОНИШГОҲӢ: ИМКОНИ ХУБ БАРОИ МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО

926

Бо дастгирии Роҳбарият ва ташаббуси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ, ҳамзамон, тибқи Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз санаи 08.01.2021, № 5 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2021 “Соли рушди сифати таҳсилот” эълон гардидааст. Дар заминаи ин иқдом, озмун дар чаҳор номиннатсия: “Факултети беҳтарин”, “Кафедраи беҳтарин”, “Омӯзгори беҳтарин” ва “Донишҷӯи сол” ташкил гардида, низомномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бо Қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 03.04.2021, № 10 тасдиқ шудаанд.

Акнун ба самъи садорати факултетҳо, кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ расонида мешавад, ки озмунҳо дар ду давр: даври аввал дар сатҳи факултет ва даври дуюм дар сатҳи донишгоҳ баргузор мегардад. Аз ин рӯ, хоҳишмандон метавонанд барои иштирок ва шиносоӣ бо шартҳои озмунҳо ба садорати факултетҳо муроҷиат намоянд.

Иштирокчиёне, ки дар даври аввал ғолибият ба даст меоранд, ба даври дуюм роҳхат дода мешаванд. Инчунин, ғолибоне, ки дар даври дуюм аз ҷониби Комиссияи махсуси таъсисдодаи Раёсати донишгоҳ тибқи муқаррарот ва талаботи низомномаҳои озмун муайян мегарданд, ба диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Шитобед, дастовардҳоро муаррифӣ намоед!