Номгӯи созишномаҳо ва шартномаҳо

Ҳамкориҳои донишгоҳ:

Донишгоҳ дар фаъолияти худ бо миқдори зиёди муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии дохилидавлатӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобиларо ба роҳ мондааст. Шарикони ҳамкори донишгоҳ аз давлатҳои Аврупо, мамолики Араб, давлатҳои изви ИДМ, СҲШ алалхусус Хитой, Ҷопон, Ҳиндустон ва монанди инҳо баромад мекунанд. Асоси ҳамкориҳои донишгоҳиро созишномаҳо, шартномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми ба тасвибрасида ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти якҷоя ташкил медиҳад. Айни ҳол донишгоҳ бо зиёда аз 280 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ созишномаҳо барои пешбурди ҳакориҳои муштарак бастааст, ки ҳамаи онҳо шартномаҳои амалкунанда мебошад. Дар баробари ин донишгоҳ бо созмону ташкилотҳои байналхалқӣ давлатӣ ва байнидавлатии зерин ҳамкорҳои судманд дорад:

1. Намояндагии СММ дар Тоҷикистон – ООН,

2. Созмони байналмилалии муҳоҷират – МОМ,

3. Сафоратҳои давлатҳо дар Тоҷикистон,

4. Оҷонсии турки оид ба ҳамкорҳои байналмилалӣ – ТИКА,

5. Шӯрои ҳамкории рӯшди фарҳанги Шарқ ва Ғарб,

6. Шӯъбаи Каритас Интернатсионалис дар ҶТ – Каритас Тоҷикистон

7. Россотрудничество дар Тоҷикистон – ва амсоли инҳо.

Дар маҷмуъ ҳамкориҳо аз руи шартнома ва созишномаҳои ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ чунин шарҳ дода мешавад:

№Кишвар ва созмонҳои байналмилалӣМуасисаҳои таҳсилоти олии касбӣМуассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣҲамагӣ
1 Федератсияи Россия9315108
2 Ҷумҳурии Белорусия13619
3 Ҷумҳурии Украина9211
4 Ҷумҳурии Қазоќистон13–13
5 Ҷумҳурии Қирғизистон11314
6 Ҷумҳурии Арманистон1–1
7 Ҷумҳурии Озарбайҷон2–2
8 Ҷумҳурии Туркманистон1–1
9 Ҷумҳурии Ўзбекистон9–9
10 Ҷумҳурии исломии Эрон16420
11 Ҷумҳурии исломии Афғонистон15–15
12 Ҷумҳурии Туркия3–3
13 Ҳиндустон3–3
14 Ҷумҳурии Латвия3–3
15Ҷумҳурии Эстония2–2
16 Ҷумҳурии исломии Покистон3–3
17 Ҷумҳурии Мардумии Чин13114
18 Малайзия3–3
19 ИМА3–3
20 Ҷумҳурии Федералии Олмон4–4
21 Ҷумҳурии Лањистон (Полша)2–2
22 Ҷумҳурии Финляндия1–1
23 Ҷумҳурии Руминия1–1
24 Ҷумҳурии Белгия1–1
25 Ҷумҳурии Болгария1–1
26 Ҷумҳурии Албания1–1
27 Ҷумҳурии Корея4–4
28 Ҷумҳурии Кипр1–1
29 Фаронса2–2
30 Португалия1–1
31 Индонезия1 1
32 Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё2–2
33 Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ1–1
34 Донишгоҳи СҲШ1–1
35 Донишгоҳи шабакавии ИДМ4–4
36 БР СММ1–1
37 DAAD1–1
38 Бунёди данягии СММ1–1
39 Созмони байналмилалии муҳоҷират–11
40 ICON-INSTITUT Public Sector GmbH (Олмон)–22
41 Филиали «Шўрои ҳамкории рушди Фарҳанги Шарқ ва Ғарб» 22
42 Archimedes Foundation  EKKA 11
43 Ҳамагӣ:24736283

Динамикаи роҳандозии ҳамкориҳо бо бастани созишномаҳо байни ДМТ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ дар солҳои 2014-2019, чунин инъикос мегардад: