ФАЪОЛИЯТИ ҚИСМИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИҶТИМОИЁТ

 Қисми иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҷӯзъӣ -«локалӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти қисми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт аз инҳо иборатанд: таҳлили вазъи иқтисодӣ, муайян намудани принсипҳо ва усулҳои танзими соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини шароити меҳнатӣ ва маишӣ, муносибати коргарон ба моликият, ҳолати тайёрии биноҳои таълимӣ ва ташкил намудани шароити мусоиди корию таълимӣ, вазъи санитарию гигиении биноҳои таълимӣ, таъмин ва тармими биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва дигар иншоотҳои донишгоҳ, фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ, фаъолияти идораи кор бо донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ, дастрасии маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмӣ-методӣ, ташкил ва васл намудани утоқҳою синфхонаҳо ба шабакаи интернет, назорати объектҳои корӣ, таъмини шароити хизматрасонӣ …