Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо яке аз сохторҳои муҳимми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори донишгоҳ ба роҳ мондааст. Шуъба дар самти кор бо ҳуҷҷатгузорӣ фаъолият намуда, саҳми шуъба дар самти рушди донишгоҳ назаррас мебошад.
Таъмини ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо, сари вақт дида баромадани ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, назорати мунтазам аз болои иҷрои ҳуҷҷатҳо, ташкили кори маҷлисҳои Раёсати донишгоҳ ва назорати иҷрои қарорҳои қабулнамудаи он, ба расмият даровардан, расонидани мактубҳо ба сохторҳои берунаи донишгоҳ, сари вақт тартиб додан ва парванда кардани ҳуҷҷатҳо, қабул кардан, ба қайд гирифтан, нигоҳ доштан, баҳисобгирӣ, ба сохторҳои дахлдор расонидан аз ҷумлаи корҳоест, ки аз ҷониби кормандони шуъба амалӣ мегарданд.
Дар шуъба шаш нафар мутахассису нозир кор мекунад. Роҳбари шуъба С. Ҳайдарова мебошад.
Телефон: (+992) 37-227-15-10
Emil: tgnu@mail.tj