Сафорати Амрико озмуни “Барномаи грантҳои хурди комиссия оид ба рушди демократӣ”-ро барои соли 2022 эълон мекунад

1081

Душанбе, Тоҷикистон, 7 январи соли 2022 – Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе, ки таҳти роҳбарии Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад, бо камоли хушнудӣ эълон менамояд, ки маблағгузорӣ тавассути Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия дастрас аст. Ҳадафи асосии ин барнома дастгирӣ намудани рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, тариқи грантҳои хурд, ки дар заминаи рақобат ба созмонҳо ва иттиҳодияҳои ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ, созмонҳои ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин ба расонаҳои хабарии мустақили маҳаллӣ пешкаш мегарданд.

Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорат аз созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон даъват менамояд, ки аризаи изҳори таваҷҷуҳи худро ирсол намоянд. Дар аризаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки дар поён зикршуда бояд ифшо гардад. Дархосткунандагон ҳангоми таҳияи дархости худ бояд ба ҳадафҳои Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорат, самтҳои афзалиятноки барнома, ҳадафҳои ба шунавандагон нигаронидашуда ва мавқеиятҳои ҷуғрофӣ диққати бештар диҳанд, ки онҳоро дар эълони имконияти маблағгузории дар зеровардашуда пайдо кардан мумкин аст. Аризаи изҳори тваҷҷӯҳ на зиёда аз се саҳифа буда, бояд бо буҷет ҳамроҳ равон карда шавад. Шаклҳои Аризаи изҳори таваҷҷӯҳ ва буҷет ҳамчун истинодҳо дар зер дохил карда шудаанд.

Мавзӯъҳои афзалиятнок:

  • Дастгирии рушди расонаҳои мустақил ва блогнависони мустақил: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки сифат ва миқдори мундариҷаи визуалии аз ҷониби рӯзноманигорони ҳаваскор ва блогерҳо эҷодшударо баланд мебардоранд, то шумораи мухотабони онҳоро бо мундариҷаи ҷолиб васеъ намоянд; барои баланд бардоштани иқтидори рӯзноманигорон ва блогерҳои маҳаллӣ тавассути омӯзиши истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва додани грантҳои хурд ба онҳое, ки иқтидори бештари муваффақияти дарозмуддатро нишон медиҳанд; ва барои баланд бардоштани сатҳи касбии таъсиргузорони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва илҳом додани онҳо барои интишори бештар дар ин мавзӯъҳо саҳм мегузоранд.
  • Мубориза бо экстремизми хушунатомез: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки шумораи одамони бо паёмҳои таҳаммулпазирӣ ва зидди зӯроварӣ аз ҷониби шахсиятҳои мӯҳтарам ва маъруфи ҷомеа, тавассути васоити ахбори иҷтимоӣ ва анъанавӣ афзоиш медиҳанд; барои баланд бардоштани иқтидори дарозмуддати овозҳои мӯътадил барои идомаи паҳн кардани паёмҳои таҳаммулпазирӣ ва зидди зӯроварӣ, барои идомаи муассир пас аз анҷоми лоиҳа пешбинӣ шудааст; миқдори мундариҷаи визуалӣ ба забони тоҷикӣ оид ба мубориза бо ифротгароии хушунатомез, ки ба осонӣ дар платформаҳои васоити ахбори иҷтимоӣ паҳн карда мешаванд, зиёд карда шавад; ва барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи оқибатҳои ифротгароии хушунатомез тавассути мубодилаи ҳикояҳои воқеии қурбониён ва наҷотёфтагон амал мекунанд.
  • Дастгирии тавонмандсозии занон: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ мекунем, ки қобилияти занонро барои таъмини худ аз ҷиҳати иқтисодӣ, тавассути тренингҳо оид ба баланд бардоштани малакаҳо, зиёд мекунанд; барои баланд бардоштани дониши занон дар бораи ҳуқуқҳои худ дар ҷомеа ва чӣ гуна ҳимояи эҳтироми ин ҳуқуқҳо саъй мекунанд; ва барои ташкил намудани шабакаҳои дастгирӣ барои занон аз ҷамоатҳои камнамоянда, ки устувории пешрафтро дар давоми амлисозии лиҳа таъмин мекунанд.
  • Пешбурди огаҳӣ ва амалҳо вобаста ба масъалаҳои экологӣ: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки сатҳи огоҳиро дар бораи таҳдиди тағирёбии иқлим ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон, сабабҳои ин таҳдидҳо ва чӣ гуна коҳиш додан ё пешгирии оқибатҳои онҳо пешниҳод мекунанд ва барои баланд бардоштани қобилияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ, давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи муҳити зист амал мекунанд.

Мӯҳлати охирни ирсоли дархостҳо: 20-уми феврали соли 2022 (соати 24:00 бо вақти Душанбе)

Муфассал дар сомонаи : https://tj.usembassy.gov/tg/the-u-s-embassy-in-dushanbe-requests-project-proposals-for-the-2022-democracy-commission-small-grants-program-tg/