Эълон!

587

Ба таваҷҷуҳи ҳайати аспирантон, омӯзгорон, номзадҳои илм ва инчунин профессорон расонида мешавад, ки барои беҳтар намудани сифати таълим ва омода намудани тавсияҳои методии баланд бардоштани сифати дарсдиҳӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ДМТ, бахши идоракунии лоиҳаҳо дар доираи лоиҳаи “Беҳтар гардонидани ҷараёни таълим ва ба кор таъмин кардани хатмкунандагон” барои интихоби номзадҳо озмун кушод эълон менамояд.

Дар озмун шахсоне, ки зиёда аз 5 сол таҷрибаи корӣ, инчунин собиқаи корӣ оиди таҳияи барномаҳои баланд бардоштани сифати таълимро доранд ширкат карда метавонанд.

Хоҳишмандем, ки ҳуҷҷатҳои зеринро барои ширкат дар озмуни мазкур ба бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ (3-юм ошёна, 63-юм кабинет) ё ба суроғаи aardasher@gmail.com то санаи 13 –уми январи соли 2020 ирсол намоед.

  • Тарҷумаи ҳол (CV)
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи илмӣ
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи салоҳиятнокӣ

Даври ҷамъбастии озмун: 15-уми январи соли 2020 соати 10:00

Бартарияти озмун:

Ба шахсоне, ки дараҷаи илмӣ ва кор дар самти илмӣ-методӣ доранд бартарӣ дода мешавад.