Имрӯз (20.05.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса мулоқоти сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Таран бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот сафир Мишел Таран дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Фаронса бо Тоҷикистон дар мисоли соҳаи илму маориф суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо сохторҳои илмию таълимии Фаронса изҳори хушнудӣ намуд. Гуфта шуд, ки ташкили чунин нишасту ҳамоишҳо барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меовард.
Дар идомаи мулоқот оид ба масъалаҳои гуногуни равобити байналмилалии Фаронсаву Тоҷикистон саволу ҷавоб миёни донишҷӯён сурат гирифт.