МАШҚИ МАХСУСИ ТАКТИКИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

1373

Имрӯз (24.05.2022) машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 7 балла” доир гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҳифз намудани саломатӣ ва ҳаёти донишҷӯён, устодон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода буд. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар оғоз дар толори хобгоҳи №8 вохӯрии устодону кормандон бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, зимнан дар робита ба ҳолатҳои бартараф намудани заминларза дарси махсус гузаронида шуд.

Баъдан дар саҳни бинои хобгоҳи №6 машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд. Зимнан гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини ҳолати омодагии доимӣ, ҷиҳати сайқал додани маҳорати касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳо ва сари вақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, мусоидат намудан барои устувории фаъолият дар ҳолатҳои фавқулода фармоиши ректори донишгоҳ ба тасвиб расид, ки дар доираи он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи мазкур машқҳои махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид намуд, ки минбаъд дар доираи ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ чунин машқҳоро дар ҳудуди дигар иншоотҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби бештари донишҷӯёну устодони донишгоҳ ташкил ва баргузор менамоем.

Дар зимн ҷонибҳо: роҳбарияти ДМТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони чорабинӣ Ифтихорнома ва Сипоснома супориданд.