ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ СИТИИ МАЛАЙЗИЯ: ТАВАҶҶУҲ БА МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОНДОРӢ

601

Санаи 22.07.2022 намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия: директори факултети меҳмоннавозӣ ва туризм Датин Путери Ҷуле ва директори Департаменти рушди тиҷорати байналмилалии донишгоҳи мазкур Соро Ошагӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Собирзода Н.М. ва сардори раёсати таълими донишгоҳ Қосимзода С.С. мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмию таълимии Донишгоҳи ситии Малайзия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зимнан тарафҳо барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисион аз рӯйи равияи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, инчунин, ташкили ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуданд. Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳимми соҳаи маориф ин тайёр намудани мутаъассисон аз рӯи равияи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мебошад, ки омода намудани мутахассисон дар ин самт талаботи замони муосир мебошад.