ЭЪТИРОФИ ОЛИМ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ

460

Имрӯз (30.09.2022) дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ чун анъана як қатор дастовардҳои устодони донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. муаррифӣ шуданд.

Устодон Солиҳов Давлат – доктори илмҳои физикаю математика, профессори факултети физикаи Донишгоҳи миллӣ барои интихоб шуданаш ба узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Русия, Қодирзода Фарҳод – муовини ректори ДМТ оид ба корҳои иқтисод ва иҷтимоиёт, инчунин, Бутаев Маҳмадшариф – устоди факултети биологияи донишгоҳ барои гирифтани дипломҳои дотсентӣ аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гардиданд.

Ректори донишгоҳ устодони мазкурро барои дастовардҳои илмӣ-эҷодияшон самимона табрик намуда, дар робита ба зиёд намудани навкориҳо дар ҳаёти илмию таълимӣ ва равобити байналмилалӣ пешравиҳо таманно доштанд.

Дар қисми дуюми ҷаласа як зумра гузоришҳо дар робита ба масъалаҳои мухталифи донишгоҳ шунидаю баррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, ки дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии устодону донишҷӯёни донишгоҳ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар муҳлатҳои муайян корҳои ободкорӣ афзун мегарданд.