ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ

536

Парчами миллӣ рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳувият ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ робитаҳои фарҳангию дипломатии кишвари мо бо дигар мамлакатҳои хориҷӣ густариш ёфт ва давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар ин созмони баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст ва дар пойтахти тоҷикони дунё- шаҳри Душанбе яке аз баландтарин парчами дунё парафшон аст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Ва нақши парчам ҳам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.

Санаи 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар Низомнома оварда шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки дар ватани мо ҳаст ҳам муқаддасоте ба фарҳанг алоқаманд аст, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо ба идеалҳои мо алоқамандӣ дорад.

Бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлат- Парчами давлатии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба Парлумони кишвар пешниҳод намуданд. Бо қабул гардидани Қонуни зикршуда аз 19 ноябри соли 2009 ҳар сол 24 ноябр ҳамчун рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ месозад. Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат ва онҳое мебошад, ки дар тули таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд.

Музаффар Ҳалимов,Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ