Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар чорабинии мазкур иштирок намуда, ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ ҷоизаҳо супориданд.
Ба ҳама ғолибон муборак!