ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТАЙЛАНД

295

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовини сафири Давлати шоҳигарии Тайланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан мулоқот намуд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба зарфияти илмию таълимӣ донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаву марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар суханронӣ намуд. Зимни мулоқот хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан дар робита ба рушди ҳамкориҳои Тайланду Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф суханронӣ карда, иброз дошт, ки  мақсад аз ташриф рушди равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар, хусусан дар самти табодули устодону донишҷӯён ва баргузории ҳамоишҳои илмию назариявӣ мебошад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар робита ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тайланду  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табодули афкор намуда, ҷиҳати бастани шартномаҳо ба мувофиқа расиданд.