ИНСОН ВА ТАШАККУЛИ ОН

332

Тавре иттилоъ дода будем моҳе як маротиба байни докторатони Ph.D -ии ДМТ семинари илми баргузор мегардад. Семинари мазкур бо ташаббуси Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ гузаронида мешавад.

Ин навбат дар семинари илмӣ Ҷӯраева Мунаввара, унвонҷуи факултети биология дар мавзуи “Термофильное анаэробные бактерии из источников Таджикистана” ва докторанти Ph.D-ии факултети фалсафа Маҳмадизода Нуриддин дар мавзуи “Инсон ва ташаккули он” баромад намуданд.

Дар анҷом мудири шуъба Мирзозода Ф.С. оид ба шартномаи дутарафаи докторантони Ph.D. бо донишгоҳ, иштирок дар дарсҳо, гузаштани таҷрибаомӯзиҳо, омода намудани рисолаҳои илмӣ ва ғайра суҳбат намуд.