Кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ (мудир профессор А.Комилов) ба таҳқиқу омӯзиши равандҳои муосири тараққиёти иқтисодиёт ва проблемаҳои муҳимтарини назарияи иқтисодӣ ва иқтисоди миллӣ равона шудааст. Нуфузу эътибори кафедраро дар солиёни гуногун профессорон Р. Юсуфбеков, Ҳ. Аъзамқулов, М. Мамадназарбеков, Л. Саидмуродов, И. Давлатов, Б. Исоматов, Т. Усмонова, Д. Қодиров, Д. Қандиёрова, Ф. Обидов, Д. Гулмирзоев, дотсентон М. Худоиев, Р. Мирбобоев, Б. Шукуров, К. Ризоев, М. Мирзошарифов, Қ. Одинаев, М. Саидмуродова, Ш. Қодиров, О. Раҳимов, Д. Фозилхонов, И. Хоркашев Гулов Ш.М., Юсупов С.А., Шерова Н.Д., ва дигарон баланд нигоҳ доштаанд. Айни ҳол дар кафедра 3 доктори илм, 6 номзади илм, 3 нафар муаллими калон, 3 нафар ассистент ва 6 нафар унвонҷӯ 4 нафар доктор Ph.D машғули кор мебошанд. Бояд қайд намуд, ки тайи 5 сол зиёда аз 20 нафар рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ намуданд.
Саҳми кафедраи назарияи иқтисодӣ дар таҳқиқи масоили гуногуни рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва механизми муносибатҳои ҳамгироии иқтисодӣ хеле назаррас аст. Хулосаи муҳимтарини таҳқиқотҳои илмии кафедра дар шакли китобҳо, рисолаҳо, мақолаҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Барои мутахассисони тамоми соҳаҳо омӯзиши қонуниятҳои иқтисодӣ муҳим мебошад. Барои се факултаи иқтисодии донишгоҳ фанни назарияи иқтисодӣ ҳамчун таҳкурсӣ барои омӯзиши дигар фанҳои тахассусӣ хизмат менамояд.