Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ»

267

Имрӯз дар толори факултети фалсафаи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид. Дар конфренсия олимону донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ш. Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ВМКБ, намояндагони ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорону донишҷӯёни факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Конференсия дар заминаи ҷаласаи ифтитоҳӣ ва ду бахши мустақим гузаронида шуд.

Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо оғоз намуда, сипас маърӯзаҳои дигар иштирокчиёни конференсия шунида шуд. Дар конфренсия доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадизода Н.Д., Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор Шоисматуллоев Ш., доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов А.Ш., доктори илмҳои фалсафа, профессор Қаҳҳоров Ғ.Ғ., номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Х.Қ., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Миров Ф.С., номзади илмҳои сотсиологӣ, дотсент Таваллоев М.Т., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Насурова Б.А., номзади илмҳои фалсафа Комилова М.Д. ва дигар олимони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия инъикоси масъалаҳои маориф ва илм дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нақши маориф дар амнияти идеологии ҷомеа, баҳодиҳии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ оид ба маориф, сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони касбӣ, ҷаҳонишавии маориф, нақши маориф дар рушди неру ва сармояи инсонӣ, муқовимат бо экстремизм ва терроризм тавассути ниҳодҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои ба низоми таҳсилот марбут баррасӣ гардиданд.