МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

406

Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба ҳафтаи ҷавонон аз 15-уми май то 18-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ ва клуби варзишии ДМТ мусобиқаҳои умумидонишгоҳӣ аз рӯйи намудҳои варзиши сабук, аз қабили давидан ба масофаи 100м, волебол ва шоҳмот ҷараён дорад.

Имрӯз мусобиқаи кушод оид ба шоҳмот миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ (дастаҳо аз факултетҳо) гузаронида шуд. Дар мусобиқа устодону кормандону донишҷӯёни завқманд фаъолона иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.