БУЗУРГДОШТИ МУЪМИН ҚАНОАТУ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

420

Имрӯз бо дастгирии раёсати ДМТ ва ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология маҳфили илмӣ-адабии «Бузргдошти Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони шеъру адаби ҷумҳурӣ ва меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. баргузор намудани чунин маҳфилҳоро амали нек унвон карда, иброз дошт, ки устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ аз бузургтарин суханварон буда, бо ашъори пурмуҳтавои хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми тоҷик нақши ногусастанӣ доранд.

Зимнан гуфта шуд, ки устод Муъмин Қаноат, шоири ширинкалом, ҳамосасаро ва ходими барҷастаи сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон аст. Саҳми шоири забардасти тоҷик дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик муассир аст.

«Суханвари мардумӣ ва яке аз поягузорони шеъри имрӯз, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ мебошад» – таъкид шуд дар маҳфил.

Ҳамин тавр, устодони факултет Сироҷиддини Эмомалӣ, Муҳаммадизода Қарор суханронӣ ва Шарифзода Боймурод дар мавзӯи “Ҷанбаи иҷтимоии шеъри Лоиқ Шералӣ” ва Ҳафиз Раҳмон дар мавзӯи “Ҳамосасарои Ватан (ҳунари шоирии устод Қаноат дар таълифи шеъри ҳамосӣ)” маърӯза намуданд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни факултет аз осори Муъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат карданд. Инчунин, зумрае аз ҳунармандон низ иштирок ва сурудхонӣ намуданд.

Декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар суҳбат бо мо афзуд, ки шоирон Муъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ барои насли имрӯз осори гаронбаҳо боқӣ мондаанд. Ин бузургон масоили адаби форсу тоҷикро аз нигоҳи шаклу маънӣ ва ҳикмату муҳтаво ба арсаи ҷаҳонӣ бардоштаанд, ки ёд намудан аз рӯзгору осори онҳо кори басо бузург мебошад.