ДАСТОВАРДИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ

243

Тибқи бандҳои 7 ва 8-и моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо баҳои аъло хатм намуда, аз аттестатсияи хатм бо муваффақият гузаштаанд, бо аттестати аъло ва медали тилло мукофотонида мешаванд.

Имсол хатмкардаи Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фаттоҳов Ҷамолиддин ғолиби озмуни аттестати аълои равияи табиӣ –риёзӣ гардида, бо медали тилло сарфароз гардонида шуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. хатмкардаи литсейро самимона табрик намуда, дар идомаи таҳсил барояш барору муваффақият таманно намуд.

Муборак бошад!