ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ЗАБОНОМӮЗӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

195

Имрўз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (роҳбари ҳайат – Ван Ю ) вохӯрӣ намуданд. Меҳмонони олиқадр ҳадаф аз мулоқоти худро ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажўҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омўзиши забону фарҳанг ва технологияи муосир унвон намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мустаҳкам намудани ҳамкоришои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, рушди ҳамкориҳо дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, таҳияи барнома ва баргузории ҳамоишҳо табодули афкор намуданд.