ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ САФИРИ ЧИН МУАЙЯН ШУДАНД

171

Имрӯз (26.09.2023) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сардори Раёсати муносибатҳои байналхалқии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Худойдодзода Ф.Б. ва намояндагони сохторҳои дипломатию муассисаҳои ҳамкор иштирок намуданд.

Ибтито, иҷрои таронаҳои дилошуб аз ҷониби толибилмони Донишкадаи мазкур сурт гирифта, навори омӯзиши забони чинӣ ва рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиш дода шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи сафири муҳтарам Ҷи Шумин ва меҳмонони гиромиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҳандозии чунин чорабинии таълимӣ- маърифатиро заминаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2008 дар заминаи ДМТ Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий таъсис дода шудааст. Дар заминаи донишкада равобити дӯстона ва таҳкими муносибатҳои илмию фарҳангӣ рушд меёбанд. Гуфта шуд, ки иқдоми навбатӣ, яъне гирифтани стипендияи сафири Чин баҳри омӯзиши забону фарҳонги Чин ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин зимнан аз ҳамкориҳои судманд бо ДМТ, аз ҷумла бо Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ изҳори хушнудӣ намуда, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти маориф аз сиёсати созандаи роҳбарони олии кишварҳо унвон намуд. Зимнан гуфта шуд, ки дар доираи ин ҳамкориҳо баҳри рушди илму маориф ситипендия роҳандозӣ гардид, ки ҳадаф аз он дастгирии дӯстдорони забону фарҳанги Чин ва дар ин замина рушди ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён мебошад.

Баъд аз суханрониҳо аз ҷониби сафир наздик ба 20 нафар толибилмони марказҳои омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон соҳиби ситипендия гардиданд. Миёни онҳо чор нафар донишҷӯёни ДМТ буданд, ки инҳо Аҳрор Ғаффоров, Исматулло Ёров, Фирӯза Қурбонова ва Шаҳбоз Шодмонов мебошанд.

Маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронӣ-миннатдории толибилмони забони чинӣ ва волидайни яке аз гирандагони ситипендия ба охир расид.