ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ ИҚТИСОДӢ

248

Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ ба мутасаддиёни факултет дар самти пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбия ва равобити байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажӯҳиши илмӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва омӯзиши самтҳои муосири иқтисоди миллӣ аз масъалаҳои муҳимми фаъолияти факултет номиданд.