СУҲБАТҲОИ ТАРБИЯВӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲО

187

Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо беҳтарин шароити муосоидро фароҳам овардааст. Ин тадбирҳо аз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат маншаъ гирифтааст. Моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, тамоми азму талоши худро баҳри донишомӯзӣ равона карда, баҳри ободии имрӯзу фардои кишвар саҳмгузор бошем.

Ин мавзӯ дар вохӯрии масъулини донишгоҳ бо донишҷӯёни хобгоҳҳои №6-8-и ДМТ ироа гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи Нақшаи силсилавохӯриҳои муштараки роябарияти бахшҳои тарбия ва хобгоҳ роҳандозӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳадафи вохӯриҳо огоҳ намудани донишҷӯён аз тартиботи хобгоҳҳо ва ҳамзамон баланд бардоштани донишҳои сиёсии онҳо мебошад.

Мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои Сунъатулло иттилоъ дод, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, дарки дурусти самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва хуб таҳсил намудан дар донишгоҳу дуруст истиқомат намудан дар хобгоҳҳо аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасигаштаи вохӯриҳо мебошанд.