Мудир – н.и.ф., дотсент Раҳимов Маҳмадназар Сафарович
Email: max_9109@mail.ru
Тел: 918 92 99 19
Суроға: Бинои таълимии №16,17; (Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак
Соли 1948 дар донишгоҳ кафедраи забонҳои хориҷию русӣ таъсис меёбад. Ин кафедра соли 1951 ба ду воҳид -кафедраи адабиёти хориҷа ва забонҳои хориҷӣ ҷудо карда мешавад. Бунёдгузор ва ташкилдиҳандаи ин кафедра профессор М.Б.Шаҳобова буда, роҳбарии онро тайи солҳои 1948-1964 ба уҳда доштанд.
Соли 1964-1979 роҳбарии кафедраи англисии донишгоҳ ба дӯши дотсент Г.Б.Баракаева буд.
Тайи солҳои 1980-1990 ба кафедра дотсент А.Р.Камолова, соли 1992 то соли 2002 ба кафедраи забони англисии ДДМТ дотсент А.Маҳмадназаров, аз соли 2002 то 2009 ба кафедраи забони англисии ДДМТ Б.Гадоев ва аз моҳи апрели соли 2009 профессор Ҳ.А. Саидов роҳбарӣ кардаанд ва имрӯзҳо Исмоилзода Э. роҳбари кафедра мебошанд.
Кафедра бояд ҳайати устодонро аз ҳисоби мутахассисони болаёқату ҷавон пурра намуда, таълими амиқу ҳамаҷонибаи забони англисӣ диққати ҷиддӣ диҳад.
Ҳамкории кафедра бо ташкилотҳои байналмилалӣ зиёд аст. Пас аз ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 –уми апрели соли 2003 дар назди кафедра вазифаҳои хеле масъулиятнокро гузошт.
Устодони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз усулҳои навин истифода баранд, то ин ки мутахассисони забондонро ба воя расонанд. Имрӯз устодони кафедра шогирдонро дар руҳияи ватандустӣ тарбия намуда, онҳоро водор менамоянд, ки оид ба ватани худ бо забони англисӣ дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат карда тавонанд. Инчунин, оид ба мамолики англисзабон маълумоти қофӣ дошта бошанд. Ҳамзамон, устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона мекунанд.