Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи чорабинии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба баргузории ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин» миёни донишҷӯёни донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳии мақолаи беҳтарин бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин таҳти унвони «Тахти Сангин – ёдгории беназири гӯшаи диёр» баргузор менамояд.
Тибқи Низомномаи озмун мавод то санаи 5 декабри соли 2023 қабул карда мешаванд. Натиҷаи Озмун 12 декабри соли 2023 эълон мегардад. Ғолибон бо мукофотпулии зерин қадрдонӣ мешаванд:
Ҷойи якум– 1500 сомонӣ;
Ҷойи дуюм– 1000 сомонӣ;
Ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.
ШАРТҲОИ МАҚОЛА ТИБҚИ НИЗОМНОМА ОМАДААСТ:
– Дар Озмун донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд;
– Барои иштирок дар Озмун муаллиф бояд маводи илмӣ – омавии худро бо ариза ва дархост (замимаи 1) ба комиссияи озмун пешниҳод намояд;
– Маводи ба Озмун пешниҳодшуда бе тақриз қабул карда шуда, ба муаллифон бозпас гардонда намешаванд;
– Дар Озмун маводе (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) қабул мешавад, ки қаблан ҷое нашр карда нашудааст;
– Маводи пешниҳодгардида на камтар аз 7 саҳифа бояд дар компютер (ҳуруфи Times New Roman Tj ва Times New Roman ҳаҷми ҳарф 14, шакли қоғаз А4, фосилаи байни сатрҳо воҳидӣ, ҳошияҳо: болоӣ – 3см, поёнӣ– 2,5см, чап – 3см, рост – 2см) тамоми варақҳои мақола бояд рақамгузорӣ карда шаванд.
– Маълумоти дар мавод пешниҳодгардида бояд саҳеҳ ва мазмуну моҳияти илмӣ дошта бошад…
ҚАБУЛИ МАВОД: Бинои асосии ДМТ, ошёнаи 1-ум, утоқи 12
Почтаи электронӣ: rbadriddin@mail.ru
МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР НИЗОМНОМАИ ОЗМУН, сомонаи донишгоҳ:
https://tnu.tj/index.php/tj/ozmuni-umumidonishgo/