РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ

288

Имрӯзҳо ҳайати раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин қарор доранд. Ин даъвати ҳайати Донишгоҳ аз натиҷаи сафари ректори Донишгоҳ , профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ин ҷумҳурӣ аст, ки зимни ин сафар як қатор созишнома ва қарордодҳои дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии мардумии Чин баста шуда буд, сурат гирифт.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ин сафар сардори раёсати таълим Қосимзода Солеҳ ва мудири бахши кор бо шаҳрвандони хориҷии шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Наҷмиддинов Абдураҳмон намоягдагӣ мекунанд.

Айни ҳол, ҳайати Донишгоҳ дар шаҳри Ҷинани музофоти Шандун қарор дошта, аз як қатор донишгоҳҳо, аз ҷумла аз Донишгоҳи омӯзгории Тсилуи шаҳри Ҷинан дидан намуданд. Зимни қабули ҳайати Донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории Тсилу муаррифии дастовардҳои Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ дастоварду муваффақиятҳои ҳарду донишгоҳ муаррифӣ карда шуд. Қайд гардид, ки басо рамзист, ҳарду Донишгоҳ соли 1948 таъсис ёфта, муваффақияту комёбиҳои баробари таълимию илмӣ дар омода кардани мутахасстсонро доранд. Зимни ин вохӯрӣ лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни ҳарду муассиса баъди гуфтугӯи тарафҳо омода карда шуда, бо имзои ректори Донишгоҳи омӯзгории Тсилуи шаҳри Ҷинан барои имзо ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин, ҳайати Донишгоҳ аз базаи моддӣ-техникии Донишгоҳи омӯзгории Тсилу дидан намуданд.

Ашуралиева Шахзода