Дар донишгоҳ синфхонаҳои компютерӣ мавҷуд аст, ки барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Синфхонаҳои компютерӣ пурра ба шабакаи донишгоҳӣ пайваст буда, бо Интернет таъмин мебошанд. Синфхонаҳо барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, иҷрои корҳои лабораторӣ, истифодабарӣ аз Интернет ва китобҳои электронӣ ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои устодону кормандон бо таҷҳизотҳои технологияи информатсионӣ муҷаҳҳазонида шудаанд. Дар синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ дафтарҳои қайди дарсҳои амалӣ, инфиродӣ ва истифодабарандагони Интернет мавҷуд аст. Ҷадвалҳо оид ба гузаронидани дарсҳо тартиб дода шудааст ва машғулиятҳо мувофиқи ҷадвали гузошташуда ба роҳ монда шудааст. Синфхонаҳои компютерӣ аз ҷониби кормандони ин бахш назорат мегардад.
Домой Бахши назорати синфхонаҳои компютерӣ