КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

263

Дар шароити муосир омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботҳои байналмилалӣ дар самти маориф ва боло бурдани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрам ба шумор мераванд. Бо ин мақсад имрӯз (12.01.2024) дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисоси омӯзгорони маҳалии забони чинӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар кори он Йе Ҷун – профессор ва мудири шуъбаи докторантураи Донишгоҳи омӯзгории Шарқии Чин (Хуадон), Ху Дзюнмей – профессори Донишкадаи мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи педагогии Синзян, Ген Кайбин – профессори Донишгоҳи иртибоботии Чин ва Ли На – омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории Синзян ҷалб шудаанд.

Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам намуда, зикр кард, ки ҳамкории фаъоли Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин хуб роҳандозӣ гардидааст, ки ин аз татбиқи муваффақи сиёсати маорифпарварона ва ҳамкориҳои дӯстона зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дарак медиҳад.

Таъкид гардид, ки рушди ҷомеа ва давлат, омода намудани мутахассисони рақобатпазир аз омӯзгори донишманди мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ ва истифодаи усулҳои наву фаъоли таълим вобастагии бештар дорад.

Дар ин зимн, василаи баланд бардоштани дониши умумисоҳавӣ ва соҳавии омӯзгорон, боло бурдани донишу малакаи омӯзгор ва аз бар намудани барномаҳои замонавии таълимӣ ин бештар роҳандозӣ намудани такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Такмили ихтисос ҳамчун таҳсилоти касбии иловагӣ боиси такмил додан ва бозбинӣ намудании донишҳои мавҷуда ва аз худ намудани малакаҳои касбии омӯзгорон ҳисобида мешавад.

Маҳз гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос имконят медиҳад, ки дониш, маҳорат ва малакаи касбии омӯзгор баланд гардида, омӯзгор ба талаботҳои низоми нави таълим, боло бурдани салоҳиятнокии касбӣ ва ба рушди шахсияти худ муяссар гардад.

Такмили ихтисос боис мегардад қобилияти инфиродии омӯзгор сайқал дода шуда, барои боло бурдани сатҳу сифати таълим ва тарбия мусоидат намояд.

Албатта, такмили ихтисос барои баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, рушди соҳаи маориф ва дар умум пешрафти давлат нақши арзишманд мегузорад. Дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забону фарҳанги чинӣ синфхонаҳои замонавӣ омода гардида, омӯзгорони маҳалливу хориҷӣ кушишу талош варзида истодаанд.

Дар навбати худ Йе Ҷун – профессор ва мудири шуъбаи докторантураи Донишгоҳи омӯзгории Шарқии Чин (Хуадон) зикр намуд, ки “ташрифи гурӯҳи мо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси хушнудӣ аст. Ман аз имкони табодули таҷриба ва татбиқи таҷрибаи таҳсилоти байналмилалии Чин бо коршиносон ва омӯзгорон дар доираи ин чорабинӣ хеле шодам”.

Омӯзгорон бо малака ва қобилияти худ дар самаранокии таълими донишҷӯён ва пешрафти самти иҷтимоӣ, ҳамчунин, дар рушди маориф нақши асосӣ доранд. Омода намудани омӯзгорон ҳамеша воситаи зарурӣ ва чораи мусоидат ба ислоҳот ва рушди маориф мебошад. Таълими омӯзгорони чинӣ дар хориҷа бевосита ба сатҳи ҷаҳонишавӣ, иттилоотӣ ва тахассусии таҳсилоти чинӣ таъсир мерасонад. Метавон гуфт, ки таълими омӯзгорон яке аз тадбирҳои калидӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва, инчунин, яке аз воситаҳои асосии мусоидат ба рушди маориф мебошад.

Дар охир таъкид гардид, ки сол ба сол завқи забономӯзии хонандагон барои аз бар намудани забони чинӣ меафзояд. Ин омил водор ба он менамояд, ки баҳри таъмини шароити мусоиди таҳсил, таъмини хонандагон бо омӯзгорони донандаи хуби забони чинӣ, ҳамчунин баргузор намудани такмили ихтисоси омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ашуралиева Шахзода