Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар робита ба эълон гаштани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар факултети химияи донишгоҳ озмоишгоҳи таълимӣ оид ба ихтисоси 48010300- технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ кушода шуд. Дар озмоишгоҳи мазкур зиёда аз 20 кори озмоишӣ оид ба фанҳои «химияи саноати нефт», «технологияи коркарди аввала ва пурраи нефту газ», «технологияи муосири коркарди нефтҳои вазнини сулфурдор», «нефтотехнология» ва «регенератсияи равғанҳои молидании партовӣ» ба донишҷӯён ва магистрон нишон дода мешавад.
Ҳамзамон, дар факултет бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуда, барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни факултетро тамошо намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ бо фармоиши садорати факултет як зумра устодону кормандони факултет бо «Ифтихорнома», туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.