Эълон! БА ХОБГОҲ ТАЪМИН НАМУДАНИ ДОНИШҶӮЁН

896

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳ мерасонад, ки ба хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯён (аз ноҳияҳои дурдаст) аз 26-уми августи соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани хобгоҳ:
1. Ариза ба номи ректор (бо имзои садорати факултет);
2. Нусхаи шиноснома;
3. 4 дона сурати 3х4;
4. Маълумотномаи хобгоҳ дар бораи он ки амволи хобгоҳро дар соли гузашта бе камбудӣ ба маъмурият супоридааст (Барои курсҳои болоӣ);

5. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятими кул ё маъюби гурӯҳи якум;

6. Маблағи яксолаи хобгоҳ 700 сомонӣ (Хазина дар Шаҳраки донишҷӯён, пардохти маблағ тариқи Корти миллӣ);
7. Ҷуздон (папка).

Қабули ҳуҷҷатҳо ва тақсимот ба хобгоҳ ҳамарӯза аз соати 8:00 то 18:00 дар Шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни ҳисорак, рӯ ба рӯйиКомиссияи қабули довталабон, бинои факултети фалсафа, толори «Ғ-2» сурат мегирад.