Кори хайр

996

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати ДМТ дар арафаи ҳар ҷашну ид ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон кумаки моддиву ғизоӣ мерасонад. Дар ҳамин росто дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду биринҷ, шакар, равған, макарон, чой, кулчақанд, нону намак, картошкаю пиёзу сабзӣ ва гушт расониданд.

Дар расонидани ин маводи хайриявӣ муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов ва як қатор устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. Дар аснои мулоқот аз вазъият ва шароити зисти онҳо огоҳ шуда, бо тарбиятгирандагони он суҳбату бозиҳои хотирмон гузарониданд.

Н. Худойдодова