
Бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дармиқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Имрӯз (14.03.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо – 21 март конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар шароити тағирёбии иқлим” доир гардид.
Дар ифтитоҳи конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ, аз қабили Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронӣ пазируфтани иқдоми оқилонаи Пешвои муаззами миллатро аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ифтихори миллати шарафманди тоҷик номид. Иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хеле муҳим ва саривақтианд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар конференсия мутахассисон оид ба “Афзалиятҳои ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обию иқлимии сайёра”, “Тақсим ва ташаккули обҳои термоминералии ҳавзаҳои байникухҳои Тиён-Шон”, “Релаксатсияи чандирӣ-пластикии ҳаракати пиряхҳо”, “Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо”, “Оид ба вобастагии ҳаракатҳои пиряхи Хирсон аз тағйирёбии бузургиҳои метеорологӣ”, “Таҳлили ҳолати пиряхҳои соҳили чапи дарёи Панҷ (нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳиндукуш, Афғонистон)”, “Тамоюлҳои глобалии таназзули пиряхҳо ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва мутобиқсозии онҳо ба шароити тағйирёбандаи иқлим” маърӯзаҳо намуданд.


Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯзҳо захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат таъсир мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида намуда истодаем, ки Пешвои муаззами миллат тайи ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ масъалаи мазкурро бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз оқибати ногувори он ба сайёра ҳушдор месозад” – таъкид шуд дар конференсия.


Гуфта шуд, ки бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор ва амалӣ гардидани иқдомоти навбатӣ самараи дилхоҳ диҳанд.


Дар зимн баҳри татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ қатънома аз натиҷаи кори конференсия қабул гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:
-барои таъмини истифодаи самарабахши захираҳои моддӣ-техникӣ ва кадрӣ дар ҳалли вазифаҳои соҳаи обу иқлим, хусусан чорабиниҳои марбут ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо гузаронида шавад;
– барои дастгирии муносиби молиявӣ, техникӣ ва технологӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли вазифаҳои марбут барои ба даст овардани ҳадафҳои «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо дарназардошти хавфи тағйирёбии иқлим ва қабули чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиии марбут ба об, таҳия ва амалӣ гардонидани барномаи гуногунсамти баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ, махсусан барои ҷавонон ва занон ва ҷалби онҳо ба соҳаи обу иқлим;
– барои ҷалби сармоягузорӣ дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти обу пиряхӣ ва татбиқи технологияи пешрафта;
– барои дастгирии фаъолона ва иштирок дар баррасӣ, банақшагирӣ ва қабули қарорҳо оид ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба такмили соҳаи обу иқлим ва тақвияти иқтидори ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва байналмилалӣ барои ҳалли онҳо.
Ёдрас мешавем, ки идомаи конференсия дар бахшҳои масоили геологӣ ва илмҳои техникӣ дар пояи факултети геологияи Донишгоҳ доир мегардад.

