Кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химия ва Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 17-уми сентябри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию амалиро дар мавзуи «Пайвастаҳои комплекси ва ҷанбаҳои истифодабарии онҳо» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
- синтез ва омӯзиши пайвастаҳои координатсионӣ;
- комплексҳосилкунӣ дар маҳлул;
- ҷанбаҳои амалии истифодаи пайвастаҳои комплексӣ;
- пайвастаҳои органикӣ дар химияи координатсионӣ;
- моделсозии равандҳое, ки дар муҳити зист, наботот ва организмҳои зинда мегузаранд.
Талабот барои маърузаҳои ба чоп пешниҳодшаванда:
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- сатри якум – номи маъруза бо ҳарфҳои калон, ғафс – дар марказ;
- сатри дуюм – ному насаб (курсив гафс), дараҷаи илмӣ, унвон, ҷои кор – дар марказ;
- сатри сеюм матни асосӣ буда, як саҳиф ҳаҷмаш дар муҳаррири матнии MS Word чоп шудааст, ҳуруф – Times New Roman ё Times New Roman Tj, андозаи 12, фосилаи сатр – 1.
Рӯйхати адабиёт. Аннотатсия, калимаҳои калидӣ (то 10 калима) ва маълумот дар бораи муаллифон бо се забон тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
– дар сатри охирин маълумот дар бораи муаллиф – ному насаб, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон, мувофиқати асоснок оварда мешавад.
Ҳошияҳои саҳифа: чап – 3 см, рост – 2 см, боло – 2 см, поён – 2 см.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода шуданд, ба муаллифон баргардонад. Маърӯзаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи асолати матни онҳо на кам аз 70 % бошанд.
Маводи конференсия нашр мешавад.
Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 25-уми майи соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Хароҷоти рафту омад ва зист аз ҳисоби иштирокчиёни конференсия аст.
Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, бинои № 2, факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Телефон: +992 800 19 63 63; +992 93 543 65 03. Почтаи электронӣ: khimiya59@mail.ru